2 Сентябр 2026 · Yosir (Ёсир)
Конференсияи .NET CONF Dushanbe 2026
Дар бораи .NET Conf Dushanbe 2026, технологияҳои муосир, AI ва ҷомеаи IT дар Душанбе.
Когференсияи .NET Conf дар Душанбе.
29 август ман дар .NET Conf Dushanbe 2026, ки дар Oriyonbonk HQ баргузор шуд, иштирок кардам.
Мо дар СайТсоз асосан бо React, Next.js ва JavaScript кор мекунем, бинобар ин .NET технологияи асосии мо нест. Аммо барои ман ҷолиб буд, ки бубинам ҷомеаи маҳаллии IT чӣ гуна рушд мекунад ва имрӯз дар соҳаи таҳия ва AI чӣ рӯй дода истодааст.
Муҳити чорабинӣ, баромадҳо ва имконияти дидани одамони зиёди соҳаи IT ба ман писанд омад.
Ман натавонистам бо ҳама шинос шавам ва суҳбат кунам, аммо ба ҳар ҳол чунин чорабиниҳоро муфид мешуморам. Баъзан танҳо омадан, гӯш кардан ва дидани он ки дар атроф чӣ рӯй дода истодааст, кофист.
Барои ман ин як таҷрибаи хуб ва боз як назари дигар ба он буд, ки веб ва таҳияи замонавӣ ба куҷо ҳаракат мекунанд.
Мехоҳам ба ташкилкунандагон — .NET Community Tajikistan, Soft Club ва Oriyonbonk — барои ин чорабинии хуб ва кори анҷомдодаашон ташаккур гӯям. Хушҳол будам, ки дар Душанбе чунин чорабинии IT баргузор шуд. Ташаккур барои имконияти иштирок дар ин рӯз.